(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар амалиёти ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд.Тибқи нақша-чорабинии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахшида ба 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши мазкур бо иштироки ҷавонони фаъоли маркази вилоят, варзишгарон ҳашари ободонӣ доир намуд. Дар тозаю обод гардондани толори варзиш,ки дар маҳаллаи «Мевағул» воқеъ аст, зиёда аз 150 нафар ҷавонону наврасон  ширкат намуда, кучаю гулгашт ва роҳравҳои маҳаллаи зикргардидаро аз партов ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи Амалиёти умумиҷумҳуриявии 100 рӯзи ободонӣ таҳти унвони « Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем» ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.