(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозиро гузаронид.Ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар кори Шӯро идораҳои сохтмонӣ, фармоишгарон ва лоиҳакашону меъморон бо 8 лоиҳаи нави биною иншооти ба нақша гирифта шуда, ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтмонҳои бунёдшаванда, тибқи анъанаҳои меъмории миллӣ бо назардошти талаботҳои қатъии меъморию сохтмонӣ бояд бунёд ёбанд.
Дар ҳамин замина дар мавриди омода намудани санадҳои ҳуқуқӣ, ба имзо расондани шартномаҳои фармоишгарони сохтмон бо соҳибони хонаҳое, ки дар макони онҳо бунёди иншооти нав пешбинӣ шудааст Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки тамоми корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро фармоишгарон сохтмончиён ва лоиҳакашон бояд тибқи талаботҳои сохтмонию меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозиро гузаронид.Аз лоиҳаҳои пешниҳодшуда танҳо лоиҳаи Ширкати сохтмонии «Зам-Зам» ки тамоми талаботҳри зикргардидаро иҷро намуда буд, қобили қабул дониста шуда, чун намунаи ибрат зикр гардид. Лоиҳаҳои боқимонда барои мукаммал намудан ва мувофиқ намудан ба меъёрҳо пешниҳод гардиданд.