(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон, худшиносӣ ва худогоҳии онҳо ва тибқи нақшаи чорабинии якҷояи шуъбаи маориф, ТҶММ-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарби варзишии оид ба намуди тирпарронии "Нишонзани беҳтарин" байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқа намояндагони 33 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Дар натиҷа дастахо ба чунин нишондод сазовор гардиданд:

ҷои 1 дастаи МТМУ - 31

ҷои 2 дастаи МТМУ - 19

ҷои 3 дастаи МТМУ - 18

Ғолибони мусобиқа бо ҷом, медал, диплом ва сипосномаҳо кадрдонӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд