(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 30-юми шаҳр ба номи шоири зиндаёд Кулолӣ (Юнусов Абдуфаттоҳ Юсуфҷонович) гузошта шуд.

Ба ин муносибат бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аҳли илму фарҳанг дар кўчаи номбурда маросими номгузорӣ сурат гирифт.

Дар чорабинӣ Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзобек Мирзобоев суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки номгузорӣ шудани кўча ба номи Абдуфаттоҳ Кулолӣ номи ин шоири ватандўстро дар дилу дидаи мардум аз нав зинда намуда, барои насли наврас дарси хештаншиносию худогоҳӣ мешавад.

Фарзанди шоир Кулолӣ-Сарфароз Фаттоҳзода барои чунин иқдоми наҷиб ва ибратомўз ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, аз рўзгори мондаги қиблагоҳаш чанд хотиротеро ба ёд овард.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ парда аз лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд.

Аз ҷониби хонадони шоир Кулолӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ яке аз китобҳои марҳум «Ҷондоруи ҷон» тақдим карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабиии ба номи Раҳим Ҷалил буда, муаллифи якчанд асарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангию публитсистӣ мебошад. Асарҳояш таҳти унвони «Гули гил», «Гули аҳуроӣ», «Назаргоҳи ҳақ», «Розҳои ирфонӣ», «Даҷлаи аналҳақ», «Гулдастае аз боғи ҷон», «Тўҳфаи ҷон», «Ҷони ҷонафрўз», «Ҷондоруи ҷон», Калиди дари боз», «Ушшоқи Ватан» ва ғайраҳо дар дили мухлисонаш маскан гирифтаанд.

Мавсуф 16 августи соли 2020 дар синни 78 солагӣ ин дунёро падруд гуфтааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд