(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯзҳо 70-75%-и бемориҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд ва бинобар фаро расидани фасли сармо он рўйи кор омадааст.

Ин ҳолатҳо дар вақти якбора иваз шудани боду ҳаво ба вуҷуд омада, масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф, гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад.

Мо бояд дар ин ҳолат пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳоро иҷро намоем. Қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем, фосиларо нигоҳ дорем.

Доимо ниқоб пўшем, зеро бар асари паҳншавии пандемия то ҳол реҷаи ниқоб манъ карда нашудааст. Ягон нафареро, ки дар кўча бениқоб бинем, аз ў канорагирӣ намоем. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ эҳтиёткор бошем. Ба ин васила мо худамонро ҳимоя мекунем, фарзандонамонро аз беморшавӣ наҷот медиҳем, набояд дидаву дониста худро ба варта андозем.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи эмгузаронӣ идома дорад. Беш аз 66 фисади сокинон ваксинатсия карда шуданд, ки ин нишондод кам аст. Барои раҳоӣ аз бемории короновирус, махсусан аз пайдоиши штамҳои нав ба нави он моро ваксина наҷот медиҳад. Таҷрибаи кишварҳои гирифтори шадиди ин беморӣ нишон медиҳад, ки танҳо ваксинагирифтагон бемориро осон аз сар мегузаронанд.

Имрўз хуруҷи мавҷҳои навбатии бемории короновирус, бахусус навъи “Омикрон” мо хушдор медиҳанд, ки ин бемориро саҳл надонем. Зеро суръати сироятёбии ин навъи короновирус нисбати дигарҳо 7 маротиба зиёд аст. Ин аст, ки ҳамарўза дар Федерастсияи Русия ҳазорҳо нафар бар асари бемории мазкур мефавтанд ва Аврупо дар як шабонарўз садҳо ҳазор нафар сироят ёфта истодаанд.

Сироятшиносон омили асосии гирифторшавиро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан ва дурӣ ҷустан аз вакиснагирӣ медонанд.

Мо бояд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофагирӣ бештар аҳамият зоҳир намоем, дар ҳавои тоза сайру намоем, хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро истеъмол кунем. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Давраи ниҳоии ин гуна бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарўз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гўш низ оварда мерасонад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ягон нафар кафилии саломатии нафари дигарро намегирад. Мо бояд ба дониш, ақлу фаросат ва шуури худ такя намуда, танҳо ба маслиҳати табибони оилавӣ ин гуна бемориҳоро пешгирӣ намоем ва аз худтабоаткунӣ даст кашем. 

Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемологии шаҳри Хуҷанд