(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони шаҳр роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла таъкид дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифта, нақшаҳои миёнамуҳлат ва дурнамои Давлат муайян ва муаррифӣ карда шуданд. Паёми Роҳбари Давлатро на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ, чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз муайян намуда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолият қарор диҳанд. Пешниҳоди Паём аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгўйи муҳтавои манфиатҳои миллии кишвар, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо мебошад.

Сипас Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисли Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки агар то соли 2000-ум, яъне даҳсолаи аввал барои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва аз ҳама муҳим, устувор нигоҳ доштани ҳокимияти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим равона карда шуда бошад, даҳсолаи дуюм пойдории Истиқлолияти давлатиро чун маҳаки устувории соҳаҳои мухталиф ва ҳамзамон рӯ овардан ба рушду тараққиёти бештар нишон медиҳад. Даҳсолаи сеюм ба роҳ мондани сиёсати дарҳои кушод, рушди соҳаҳои мухталифи кишвар, дастовардҳои соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо мебошад. Зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамасола Сарвари давлат ба масъалаи ҷавонон, татбиқи дурусту босифат ва самараноки сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар зарфи 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони мо маҳз дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба пешравиҳо даст ёфтанд. Маҳз ҳамин дастгириҳост, ки зиёда аз 42 ҳазор ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд ва ягона талабе, ки имрӯз аз ҷавонони болаёқати Ватан карда мешавад, ин омӯхтани илм ва дар замири хеш талқин намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

Зикр шуд, ки бо дарназардошти муҳимияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид карда мешавад: «Дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт., санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумоти мукаммал медиҳанд.

Пешниҳоди созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ мебошад. Ин иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар нигаронида шудааст. Паёми мазкур ба беҳсозии вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва инчунин табақаҳои камбизоат, аз ҷумла нафақагирон ва донишҷӯён равона карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Роҳбари Давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Аз ҷумла дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ Матлуба Муинова, Орифҷон Умаров, Саодат Аминҷонова ва дигарон роҷеъ ба нуктаҳои дигар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубодилаи афкор сурат гирифт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд