28 Август 2014
Расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити инқилоби навини илму техника, ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба пешбурди сатҳи таълиму тарбияи насли имрӯзу фардои кишварамон муваффақ гардем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ривоҷу равнақи соҳаҳои илму маориф пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин соҳаҳоро аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида, барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди донишандӯзӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод, таълиму тарбияи насли наврас, корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.
Мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори олимону омӯзгорон, дастгирии иҷтимоии онҳо, татбиқи технологияи муосир дар таълим, баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати дониш, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сол аз сол маблағгузории соҳаҳои илму маориф меафзояд.
Умедворам, ки омӯзгорон ва устодони соҳибзавқ ҷавобан ба щамхориҳои давлату Ҳукумат дар соли ҷашнҳои таърихии 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ барои рушду нумуъи соҳаҳои илму маориф, камолоти маънавии шогирдон ҷидду ҷаҳд ва талош намуда, чароғи илму маърифатро боз ҳам фурӯзон менамоянд.
Хонандагони азиз, дар ҷодаи илму ҳунар, касбу камол саъй намоед, ба ақидаи бузургони мо камоли ҷонро бо субҳи маърифат равшан созед ва ҳамчун шахсони бомаърифату соҳибфарҳанг ва фаъолу созанда дар рушду тараққиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоред.
Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну мактабиёни азизро бо фарорасии Соли нави таҳсил, Рӯзи дониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Иди дониш фархунда бод, омӯзгорону толибилмони арҷманд!
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода