(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни атлас ва адрас баргузор мегардад.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби сару либос аз матои табиӣ, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон, ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд санаи 26 сентябри соли равон озмуни шаҳрии «Адрас ва атласи Хуҷанд-2014» баргузор мегардад.
Дар ин бора қарори дахлдорро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расонд.
Тибқи қарор Низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои озмун ва чорабинӣ тасдиқ карда шуда, Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, иқтисод ва савдо, маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, энергетика ва саноат, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ вазифадор карда шуданд, ки силсилаи чорабиниҳоро ташкил намуда, барои тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ, замонавӣ ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои шаҳрии Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014» тадбирҳои мушаххас андешанд. Барои дар сатҳи хуб ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ ҳайати кумитаи тадорукот иборат аз 16 нафар ташкил карда шуда, Умеда Муродова муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарии кумитаи тадорукотро ба зимма дорад.