(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Соли нави мелодӣ санаи 30-юми декабри соли равон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Маркази дастгирии оила ва кўдак, муассисаҳои махсуси томактабӣ, хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда, маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои номбурда бо ҳузури намояндагони сарпарастҳои муайяншуда чорабиниҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар ҳамаи қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд чунин чорабиниҳо баргузор ва дастархони идона густурда мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд