(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии бинои сарҳадбонон дидан намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони бинои нави Раёсати минтақавии Суғдии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Роҳбарияти ширкати сохтмонии «Аъзам-Ю» ба Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти сохтмон маълумот дода, изҳор намуданд.ки  рафти сохтмон тибқи нақша ва ҷадвали пешбинишуда рафта истодааст. Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ наздик 50 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, қисмати асосӣ-таҳкурӣ ва ошёнаи якуми бино қомат афрохтааст.
Раҷаббой Аҳмадзода хангоми ошноӣ бо корҳои бунёди иншоот ба сарварони ширкати сохтмонӣ супориш дод, то суръати корҳои сохтмониро зиёд намуда, миқдори бештари  кормандонро ба сохтмон ҷалб намоянд.
Лозим ба ёдоварист,ки маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 4 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хучанд аст. Маблағи он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буда, то нимаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифрдадиҳии он ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи лоиҳа бинои мазкур аз се ошёна, саҳни ҳавлии васеъ, ҷойи хоб барои 200 нафар  низомиёни қисми ҳарбии сарҳадбонон иборат хоҳад буд.
Дар бинои мазкур ошхона, ҳуҷраҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ низ ба назар гирифта шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки бинои мазкур бояд дар мӯҳлати муқарраргардида бояд мавриди истифода қарор гирад.