(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» шуруъ аз имрўз арчаи Соли навӣ ба андозаи зиёда аз 20 метр қомат рост карда шуд ва рўзҳои наздик чароғҳои рангини он ба тариқи муосир ҷиҳозонида мешаванд ва шабонгоҳ симои Арчаи солинавиро шукуҳи дигар мебахшад.

Тибқи иттилоъи масъулин соли ҷорӣ майдони ҳудуди Арчаи солинавӣ бори аввал бо чароғоннамоии муосир ва бо бунёди шаҳраки солинавӣ он зеб бахшида мешавад, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд нигаронида шудааст. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон гӯшаҳои махсус таъсис меёбанд.

Дар ин ҷо, аз санаи 20-уми декабр то 31-уми декабри соли 2021 соатҳои 15:00-17:00 аз ҷониби мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои олӣ ва театру дигар муасссисаҳои фарҳангӣ силсилаи консертҳои солинавӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Ҳамзамон аз ҷониби санъаткорони маъруфи мамлакат консертҳои солинавӣ барои мардум пешниҳод карда мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд