(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷандро доир намуд.Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафари кории худ дар вилояти Суғд дода шуда буд, ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр,роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, ходимони дин, идораҳои дахдори хоҷагию манзил,саноат ва дигар фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири  пешгирӣ  намудани омилхои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ, паст бурдани сатҳи ҷинояткорӣ, фаъолияти масоҷид дар заминаҳои ҳуқуқи ва дар маҷмӯъ бобати тахкими субботу амнияти кишвар суханронӣ намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷандро доир намуд.Аз ҷумла қайд гардид,ки ходимони дин дар мавъизаҳои худ дар мавзуи хайру эҳсон, риояи ҳатмии қонунҳои мавҷуда, иҷроиши маросиму рукнҳои динӣ дар асоси мазхаби Ҳанафия корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намоянд.
Дар мавриди баргардондани донишҷӯёне,ки дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсл менамоянд,Раҷаббой Аҳмадзода ба масуъулини супориши қатъӣ дода, мӯхлат муқаррар намуд, то дар фурсатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба кишвар баргардонда, бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Риояи меъёрҳои либоспӯшии ҷавондухтарону занон тибқи суннатҳои маҳаллӣ ва тарғиби занон барои пӯшидани либосҳои миллӣ нуктаи муҳими супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ба мутасаддиёни соҳа буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли равон қисме аз нақшаи андоз иҷро нагардида, бақияи андоз зиёда аз 24 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ба роҳбарони соҳа супориш дода шуд,ки дар ҷамбасти 7 моҳа ҳаҷми бақияи андоз кам карда шуда, доири ба қайд гирифтани ҷойҳои нави корӣ дар омор чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Масъалаи дигаре,ки Раиси шаҳри Хуҷанд бо он таваҷҷӯҳ намуд, ин омодагии  шаҳри Хуҷанд ба мавсими зимистонгузаронӣ ва мактабҳои шаҳр ба соли нави хониш буд.
Ба мудири маорифи шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд,ки  ба оғози соли нави хониш бояд, тамоми мактабиён бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардида, наврасони эҳтиёҷанд бо лавозимоти мактабӣ ва либос сари вақт таъмин карда шаванд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба ҳозирон дар бораи омодагии шаҳри Хуҷанд ба зимистон ахборот дод.
Барои омодагии ҳамаҷониба дидан ба ин мавсим, то имрӯз ду маротиба бо иштирок ва роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд ситоди зимистонгузаронии 2014-2015 барпо гардида, дар маркази вилоят 18 нуқтаи фурӯши ангишт, 20 нуқтаи фурӯши гази моеъ  омода карда шудаанд.
Ҳамчунин ба шӯъбаи маориф барои харидории 260 тонна ангишт маблағ ҷуда гардида, то ҳол 198 тоннаи он харидорӣ шудааст.Дар баробари ин дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд 46 генераторҳои барқтаъмикунӣ мавҷуд буда, 7 мактаб бо буғхонаҳои алоҳида таъмин гардиданд. То оғози мавсими зимистон бошад боз 8 мактаби шаҳр соҳиби буғхонаҳои алоҳида хоҳанд шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода барои пурра омода гардидани муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба зимистон то санаи 10 сентябр мӯҳлат муқаррар намуд.
Дар интиҳои ҷамъомад Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳозирон даъват намуд,ки тамоми кушиши фаъолияти худро баҳри беҳбудии зиндагии мардум, ободию осоиштагии кишварамон сарф намоянд.