(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи шахри Хуҷанд оид ба баскетбол байни дастаҳои омузгорони муассисаҳои таълими бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи якҷояи федератсияи баскетбол ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд аз санаи 29 ноябри соли 2021 шуруъ гардида, дар он 6 даста баскетболбозон аз муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус иштирок ва кувваозмоӣ намуданд.

Дар бозии финалии мусобиқа дастаҳои ДДҲБСТ ва ДПДТТ бо ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи ДДҲБСТ бо ҳисоби 50:43 ба дастаи ДПДТТ ғолиб гардид. Дастаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои болозикр ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд