(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа самъи шаҳрвандон расонида мешавад, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иқдому ташаббусоти шуъбаи кор бо занон ва оила ва агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар доираи нақша-чорабиниҳои маъракаи «16 рўзи алайҳи хушунат нисбати занон» дар майдони Регистони мавзеъи бозори марказии «Панҷшанбе» бо мақсади фарогирии мардум ба ҷои кор «Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ» ташкил мегардад.

Ярмарка санаи 10. 12. 2021 соати 14:00 оғоз мешавад.

Дар ярмарка корхонаву ташкилотҳои шаҳру вилоят ҷойҳои холии кориро манзур менамояд.

Марҳамат ба Ярмарка!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд