(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бахшида 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи дарҳои кушод ва ҷамъбасти мусобиқаи варзиши аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот байни афсарону сарбозон ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинӣ дар Комендатураи ҳарбии Горнизони Суғд, қисми ҳарбии 03377 баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни тодаъватӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбастии чорабинӣ сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Махмадализода, Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, Раиси ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии "Сипари Сулҳ" Фахриддин Ахмедов ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он намоиши сарбозону афсарон ва ҳайати аркестори нафасӣ пешкаш карда шуд.

Дар ҷамбасти мусобиқа аз рӯи намуди шашка Ҷойи 1 насиби Одинаев Шаҳбозалӣ Ҷойи 2 Миров Муҳаммад Чойи 3 Чориев Олим гардид. Ғолибони намуди шоҳмот Ҷойи 1 насиби Муҳаммедҷонов Муҳаммад, Ҷойи 2 Раҷабов Муҳаммад Ҷойи 3 насиби Набиев Хуршед гардиданд. Дар охир ба ғолибон медал, диплом ва туҳфаҳои тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд