(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз дар майдони назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ деҳқонони вилоят аз навоҳии кишоварзӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кишоварзон ва сокинони шаҳри Хуҷандро бо Иди Меҳргон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад». Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад. Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми бисёр арзишманд гузошта истодаанд. Натиҷаи ҳамин заҳмати софдилонаи онҳост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд шуда, садҳо ҳазор тонна меваю сабзавот ва меваи хушки аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда истодааст. Зимнан бояд гуфт, ки Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Раиси вилоят аз растаи деҳқонон боздид намуда, ба масъулини дахлдор дастуру супори дод, ки ҷиҳати фаровонии маҳсулоти ярмарка фурўши маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд