(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори идораи ташкилоти “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати иди «Асои сафед»бо ҳузури аъзои ташкилоти номбурда ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро вобаста ба таҷлили иди «Асои сафед» ироа намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Рӯзи аъмоён ҳамасола дар кишвари мо низ далели эътибори махсуси Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати чунин инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд. Аъмоён дар қатори кулли ҷомеа дар кору гуфтор ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳастанд. Онҳо, ки мушкилоти зиндагиро бештар эҳсос кардаанд, моҳияти сиёсати пешгирифта, ғамхориҳои пайваста ва саъю талоши давлатро бештар дарк менамоянд. Дар шаҳри Хуҷанд дар партави сиёсати давлату ҳукумат, хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳурмату эҳтиёти шахсони маъюб, аъмо ба ҷо оварда шуда, бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд ва ҳамеша таҳти назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор доранд.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин зумра ашхос муаммоҳои рӯзгорро ҳар чӣ камтар эҳсос намоянд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият бинанд.

Ҳамчунин, ба хотири фароҳам овардани шароит ба аъмоён ҷиҳати солимгардонӣ ва таъмини ҷойи кор, соҳиби маълумот шудан, омодагии касбӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо минбаъд низ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Сипас қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба ҷудо намудани маблағҳои якдафъаина ба аъзои “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ироа карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд