(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт.

Ҳамсола қабл аз оғози соли хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷиҳози хониш, либос ва дигар воситаҳои таълими мактабиён баргузор мегардад.
Шурӯъ аз имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт. Дар расми кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод,ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон дар қиёс аз мағозаҳо ба фурӯш гузоранд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 200 нафар мактабиён,ки аз оилаҳои камбизоат ба ҳисоб мераванд либоси мактабӣ тақдим намуда ба онҳо дар соли хониши нав муваффақият орзу намуд.
Ярмарка-фурӯш то санаи 31 август идома ёфта, дар он зиёда аз 20 нуқтаҳои фурӯш ва 4 корхонаи саноатӣ молу маҳсулоти мактабиёнро ба харидорон пешкаш менамоянд.
Ҳоло дар 47 мактабҳои шаҳри Хуҷанд тамоми корҳои омодагӣ барои қабули муҳассилин ба соли хониши нав омода карда шуда, омӯзгорон асбобҳои айёнӣ ва китобҳои таълимиро ба хонандагон тақсим менамоянд.