(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Нишастро намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки маърифати экологии аҳолӣ, ки ҳамчун асоси Ҳадафҳои Рушди Устувор эътироф гардидааст, зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул гардид. Дар асоси талаботи қонуни мазкур, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардид. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки он аз моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, талаботи он «Ҳифзи муҳити зист, ёдгориҳои таърихию табиӣ вазифаи умумихалқист» мебошад.

Таъкид шуд, ки имрӯз аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат рух дода ба ҳолатҳои антропогенӣ –дахолати инсон ба муҳити зист иртибот дорад. Бо назардошти ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатбахшии экологӣ хеле муҳим аст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, Барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қабул карда шуданд, ки барои рушди бо низоми маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда истодаанд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд.

Сипас дар ҷараёни семинари машварати намояндаи САҲА М. Камарова, сармутахасиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Х. Саидов, коршиносон С. Содиқова, О. Шарипова ва дигарон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» изҳори назар ва баромадҳо намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ах¬бори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи мазкур ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд.

Семинар машварат кори худро пагоҳ низ идома мебахшад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд