(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣДӯстони азиз!
Наҷотдиҳандагони ҳаёт ва молу амволи инсонҳо!
Боиси хушнудист, ки имсол таҷлили 20-солагии таъсисёбии Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар арафаи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли кормандони ситодро муборакбод намуда, дар кори пурмасъулу заҳматталаб, вале пурифтихор барору комёбиҳо таманно дорад.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар замоне таъсис ёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав дар фазои соҳибихтиёрӣ парвоз оuоз мекард. Ва инак, тайи ин қадар солҳо заминаи кадриву техникии он мукаммалтар гашта, таҳким ёфтааст. Ин имкон медиҳад, ки дараҷаи оперативии ситод баланд гашта, талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ кам шавад. Кормандони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд инсонҳое мебошанд, ки ба шахсони муҳтоҷу гирифтори мусибат дасти ёрӣ дароз намуда, онҳоро аз ҳар гуна фалокатҳою ҳодисаҳои фавқулодда эмин медоранд. Бесабаб нест, ки солҳои охир эътимоди мардум ба кормандони ситод беш аз ҳар вақта гашта, аз мавҷудияти шумо ҳастии мардум ором мегардад.
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд соҳиби дастаи наҷотдиҳанда буда, баҳри бехатариву пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ мебарад. Кормандони он дар ҳама ҳангом, новобаста ба фасли сол ҳамеша баҳри наҷоти одамон ва молу амволи онҳо тайёр буда, тайи чор соли охир 51 нафарро аз доми марг наҷот доданд. Онҳо баҳри таъмини фароuати беосебу беталафоти одамон дар сари хизмат омода буда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷон дар каф ҷони нафареро ҳифз менамоянд.
Итминони комил дорам, ки кормандони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд минбаъд низ ин рисолати ҷонии худро нигоҳ дошта, нисбат ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва кам кардани хисороти он мисли ҳарвақта омода мегарданд, бо дарки баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ фаъолияти худро пеш мебаранд ва аз уҳдаи вазифаҳои бар зимадоштаашон сарбаландона мебароянд.
Бори дигар ҳамаи шумо-наҷотбахшони ҳаёти инсониро бо иди касбиатон самимона табрик намуда, дар ифои вазифаи пурхатару пуршараф комёбӣ мехоҳам. Бигузор осмони Тоҷикистон азиз ҳамеша соф бошаду дили мардум шод ва эмин аз ҳолатҳои фавқулодда бошанд.
Сарбаланд бимонед, дӯстони азиз!

 

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                               Раҷаббой Аҳмадзода