(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Таомҳои миллӣ” бо иштироки кадбонуи маҳаллаҳо ва ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳар як маҳалла ва ошхонаву тарабхонаҳои шаҳр намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода аз ҷараёни баргузории озмун ошноӣ пайдо намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ, омода намудани духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳо ниёгон дар ҷодаи пухтани таъомҳои миллӣ ва иззату икроми меҳмондорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамоти озмун зимни баҳодиҳӣ аз рўйи нишондиҳанда ва меъёрҳои маҳорати омодакунии таомҳои миллӣ ва сифати он, сатҳ ва тарзи муаррифӣ намудани маҳсулоти омодакардашуда, ҳамзамон ба навоварӣ, сарфакорӣ ва ташаббускории он баҳогузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр озмун аз рўйи ду номина: “Беҳтарин таоми миллӣ” ва “Беҳтарин ороиши дастархони идона” ғолибон муайян ва қадршиносӣ карда шуданд.

Дар бахши “Беҳтарин таоми миллӣ” Фирдавс Дадобоев ошхонаи оилавии “Фарзона”, Ойбек Шерхонов ошхонаи “Насиба”, Муслима ¬Ғоибова аз маҳаллаи “Сирдарё” мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар номинаи “Дастархони идона” Яҳё Поччоев аз қаҳвахонаи “Фирдавс”, Малоҳат Содиқова аз маҳаллаи “Суғдиён”ва Розиқова Муътабар аз маҳаллаи “1 май” сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода Диплом ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамасола баргузор мегардад, ки ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо маҳсуб мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд