(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони тоҷику қирғиз дар шаҳри Хуҷанд.Пазироии гарму тантанавии иштирокдорон ва меҳмонони Рӯзҳои фарҳанги ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳайкали сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҷавонону зиёиёни маркази вилоят  меҳмононро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки робитаи ҷавонони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Баткенти вилояти Баткент  заминаи усутвор  дорад. Зеро муносибати  хуби дӯстию рафоқати сокинон ва ба хусус ҷавонони ин ду шаҳри маркази вилоятҳо аз омилҳои хуби ҳамсоядорӣ ва эҳтироми таърихии арзишҳои ҳамдигар маншаъ мегирад. «Имрӯз шумораи зиёди ҷавонони қирғиз ба шаҳри Хуҷанд барои тамошо истироҳат ва меҳмонӣ меоянд.

Мо ҳамеша мекушем,ки ин рафтуомад бештар гардида, ҳамдигарфаҳмӣ дӯстии мардуми мо доимӣ бошад.» - қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар ниҳояти қабули расмӣ  иштиродорони чорабинии бо сарварии Раҷаббой Аҳмадзода дар зери пояи муҷассамаи Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд.
Тибқи нақша ҳайати меҳмонон дар ҳамроҳии ҳамсолони тоҷикистонии худ аз Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, Маркази фарҳангии «Шероз» дидан намуда, барномаи якҷояи омоданамудаи маҳфили хушдилону ҳозирҷавобони ҷавонони тоҷику қирғизро тамошо хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳафтаи фарҳангии ҷавонону тоҷику ғирғиз аз санаи 11 августи соли равон оғоз гардида санаи 13-ум интиҳо меёбад.