(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории короновирус тамоми чораҳоро андешида, бахусус дар самти тарғибу ташвиқи гирифтани ваксинаҳоро дар идораву ташкилот ва маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳоро пиёда намуда истодаанд.

Имрўзҳо ғайр аз Марказҳои саломатии шаҳр дар муасссисаҳои олӣ ва марказҳои бузурги савдо нуқтаҳои эмгузаронӣ ташкил гардидааст, зеро дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 адад воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд, ки барои фарогирии гурӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18 сола болои мамлакат, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани ваксина ба аҳолии мамлакат, имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар қаламрави шаҳр бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои анҷоми кор нест, мо бояд аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, баро ҳар чӣ зудтар фароирии аҳолӣ ба ваксина тадбирҳо андешем.

Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолгардонии Ситоди шаҳрӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва мубориза бар зидди он тадбирҳои зиёди самарабахш амалӣ шуда истодааст.

Ҳадаф аз эмгузаронии шаҳрвандон, новобаста ба пир ё ҷавон будани онҳо, аз масуниятдор кардани бадани онҳо алайҳи бемориҳои муайяни сироятӣ мебошад. Дар ҳақиқат масуниятдор кардан яке аз омилҳое мебошад, ки баданро қавӣ намуда, онро барои мубориза ба муқобили беморӣ қодир месозад.

Воқеан ҳам эмкунӣ роҳи боэътимоди муҳофизати худ ва наздикон аз ҷараёни сироятёбии шадиди Ковид-19 мебошад. Бо назардошти фаро расидани фасли сармо ва эҳтимоли хуруҷуи бемориҳои роҳи нафас беҳтар аст, ки бадани худро ба он пешакӣ омода намуда, худро бо муҳофизати иммунӣ таъмин намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд