(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлил аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавзеъи нообод маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони маҳалла як Маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуд, ки дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқадаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд