(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хурраму ороста намудани ҷойи кору фаъолият аз ҷониби кормандони КВДК “Хуҷандобуканал” ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд.

Ҷараёни корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона дар КВДК «Хуҷандобуканал» аз дохили идора, саҳну майдони он оғоз гардида, то атрофу ҳудуди он идома ёфт. Кормандони ин идора бо истифода аз техникаву таҷҳизот ва олотҳои меҳнатӣ баҳри боз ҳам ободу зебо ва хуррамнамии атрофи бинои КВДК «Хуҷандобуканал» сайъ намуда, таъкид доштанд, ки ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуъан ба ободии кулли он оварда мерасонад. Ва ин тадбири муҳими созандаро роҳбарияти корхона оянда низ идома хоҳад бахшид.

Воқеан ҳам имрӯзҳо дар қаламрави шаҳр баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд нақша –чорабиниҳо тартиб доданд ва фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ монданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд