(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи варзишгарон бо Раиси шаҳри Хуҷанд.Бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки ҳамсола санаи 10 август қайд карда мешавад, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи идона баргузор гардид.
Дар оғоз мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов маҷлиси идонаро ифтитоҳ бахшид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, доири дастовардҳои варзишгарони маркази вилоят ва саҳми онҳо дар боло бурдани нуфузи кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки мавҷудияти 50 толорҳои варзиш, 21 сексияи варзишӣ бозгӯи он аст, ки имрӯз шавқи сокинон ба хусус ҷавонону наврасон ба варзиш тамоюли зиёдшавӣ дорад.
«Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ мемонад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон бори дигар аз он шаҳодат дод, ки инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.” - таъкид намуд дар суханони табрикотии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки барои рушд ва тарғиби намудҳои варзиши баскетбол, валейбол қайиқронӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон ба варзиш, корҳои тарғиботиро бештар намуда, сафи варзишгаронро дар намудҳои зикргардида зиёд намудан лозим аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 15 нафар варзишгарон тӯҳфаҳои хотиравӣ, ба 15 нафар мурбиёне, ки дастпарварони онҳо ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд, Сипоснома супорид.