(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ширхоргоҳ-кўдакистони №6-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти намунавӣ таҳти унвони «Файзу неъмати Истиқлол!» баргузор гардид.

Машғулият аз ҷониби мураббиёни гуруҳи калон бо пешниҳоди ҷолиб ва шавқовару пур аз муҳтаво гузаронида шуд.

Ба кўдакон доир ба мафҳуми Истиқлолият, Ватан, миллат, Забон, сарзамин, Нишон ва ғайраҳо маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.

Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

Дар раванди машғулият шеъру суруд ва бозиҳои гуногун ташкил карда шуд.

Машғулиятро намояндаи мудири кӯдакистон ва мураббиёни муассиса мушоҳида, таҳлил ва баҳогузорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд