(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бинои таълимии №1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф бурда, устодон ва донишҷўёни ин даргоҳи илму маърифатро бо Рӯзи Дониш табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, математика, физикаю техника, технология ва технологияҳои иттилоотӣ, биология ва химия, озмоишгоҳҳои ин факултетҳо боздид намуда, бо ҷараёни таълиму тарбия ва навгониҳои тадрис аз наздик ошноӣ пайдо намуд.

Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки вазифаи муқаддаси донишгоҳ он аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумат ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, худшиносу худогоҳ ва донишманду баландихтисосро тарбия намояд. Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати истиқлол, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллат расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда гузоранд.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба донишҷӯён ва устодон ва дар симои онҳо ба кулли маорифчиёни вилоят табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои илмиву таълимии кишвар боз намуд.

Таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ва мақоми зиёиён дар ҷомеа нақши амиқ ва файзбахш гузоштааст.

Дар меҳвари ин сиёсати иҷтимоӣ пешбурди кулли соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи шоиста дорад. Бахусус, таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдомҳои наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд. Дар саргаҳи дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат доир ба мактабу маориф ва илм аслан се масъалаи муҳим ва калидӣ - татбиқи якҷояи низоми мукаммали илму таълим ва тарбия қарор дорад.

Раиси вилоят аз нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи кадрҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки таъмири кулливу ҷории биноҳои таълимии донишгоҳ, муҷаҳҳаз гардонидани 30 лаборатория, таҳкими базаи моддиву техникии донишгоҳ, таъсиси 15 ихтисоси наву замонавӣ ва дигар ташаббусҳои ободониву созандагии донишгоҳ аз муҳимтарин дастовардҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбанд.

Роҳбари вилоят изҳори боварӣ кард, ки кору пайкор ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар Соли нави таҳсил низ барои тамоми ҳайати устодон, профессорон, донишҷӯёни донишгоҳ барнома ва қутбнамои фаъолият баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, тарбия, корҳои илмӣ ва ба ин васила, саҳм гузоштан барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.


Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Хуҷанд