(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супорид. Аз ҷумла ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода медали «Хизмати шоиста» -ро тақдим намуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар чорабинии тантанавӣ ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани шаҳрвандон нишони олии қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, имрӯз 147 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 28 нафар бо медали Хизмати шоиста, 115 нафар бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва як нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Фаъолони шаҳри бостонии Хуҷанд шаҳрдори ҷавони ободкор ва созандаю ояндадор Фирдавс Шарифзодаро барои шарафёб гардидан ба қадршиносии Роҳбари Давлат ва сарфароз шудан ба медали «Хизмати шоиста» самимона табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон дар самти бунёду тозакориҳо ва ободониву рушду тараққиёти хоҷагии халқ комёбиҳо орзуманданд.

Воқеан ҳам таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар як вақти кутоҳ шаҳри бостонии Хуҷанд ба гулистони воқеъӣ табдил дода шуд, нишондиҳандаҳои тамоми соҳоти хоҷагии халқи шаҳр тамоюли рушд намуда, ба комёбиҳои беназир расонида шуд.

Умедворем, ки дар оянда низ шукуҳу нусрати шаҳри бостонии Хуҷанд афзун гардида, барои сокинони шаҳр баҳри зиндагии шоиста шароитҳои беҳтарин муҳайё карда мешавад.

Муборак бошад!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд