(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Яке аз кӯчаҳои васеътарин ва таъмирталаби шаҳр обод мешавад.Дар доираи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дар қаламрави вилояти Суғд мумфарш ва навсозии роҳҳо босуръат идома дорад. Корҳои ободкорӣ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳалли оғози корҳои мумфаршкунӣ омаданд.
Ҳангоми мулоқот бо сокинони ин маҳал Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки давоми соли 2014 мувофиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дар вилоят беш аз 2 ҳазору 60 километр роҳҳо таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин гуфт, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободкориву бунёдкорӣ дар саросари вилоят идома дорад. Яке аз кӯчаҳои васеътарин ва таъмирталаби шаҳр обод мешавад.Ӯ дар идомаи сухани худ ҳозирин, аҳли маҳалла ва соҳибкоронро барои саҳм гузоштан ба ободониву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, иқдоми соҳибкорони шаҳри Хуҷандро, ки дастҷамъона барои ободии кучаҳои шаҳр саҳм гузошта истодаанд, шоёни таҳсин ва намунаи ибрат хонд.
Тавре масъулин зикр менамоянд, роҳи мошингард аз гардиши собиқ микроноҳияи 34-ум то беморхонаи клиникавии вилоят, ки ба ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор дохил мешавад, ҳамарӯза тариқи он теъдоди зиёди нақлиёти мусофиркашону боркаш аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят рафту омад менамоянд, тули 30 соли охир рӯи таъмирро надидааст.
Ҳамакнун бо беш аз 2 миллион сомонӣ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2,5 километр роҳи ин маҳалла пурра асфалтпӯш карда мешавад. Лозим ба қайд аст, ки кӯчаи мазкур яке аз кӯчаҳои васеи маркази вилоят маҳсуб ёфта, паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. Мумфаршкунии роҳи мазкурро роҳсозони ҶДММ «АНТ» ба ӯҳда доранд.
Дар ин рӯз Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодирӣ   ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба мумфаршсозии кӯчаи Домулло Азизови маҳаллаи Сайҳун ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни сӯҳбати самимӣ бо сокинон Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми созандаи истиқоматкунандагонро пуштибонӣ аз сиёасти хирадмандонаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. Раиси вилоят ҳамчунин таъкид кард, ки дар соли роҳҳои обод нархи асфалт низ арзон карда шуд. Зикр гардид, ки қаблан агар як мошин асфалт 1100 сомонӣ нарх дошт, ҳоло он ҳамагӣ 500 сомонӣ арзиш дорад. Ин имкон медиҳад, ки сокинон бо нархҳои дастрас аз он истифода бурда, дар ободониву созандагӣ саҳм гузоранд.
Таъмири кӯчаи ба номи Д. Азизовро роҳсозони Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда тасмим доранд давоми се рӯз мавриди истифодаи сокинон қарор диҳанд. Маблағи мазкур 30% аз ҷониби сокинон ва 70% аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пардохта мешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид намуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи вилоят иқдомҳои созандаро дастгирӣ менамояд. Яъне агар сокинони маҳаллаҳо барои ободсозии 50 дарсади роҳи маҳаллашон саҳм гузоранд, 50 дарсади боқимонда бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба анҷом расонида хоҳад шуд.