(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Мулоқоти судманд.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода Ғаффор, мудири шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода бо аъзоёни Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар оғози вохурӣ мудири Бахши оид ба корҳои дин, танзими  анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Орипов доири таърихи таъсис ва ҳадафҳои ин шӯро маълумот дода, изҳор кард, ки мақсади фаъолияти шӯро пеш аз ҳама барои татбиқ ва тарғиби санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳо, тарбияи ахлоқи занон ва духтарон дар маҳаллаҳои нигаронда шудааст.

Мулоқоти судманд.Раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳр Мастура Темурова ҳангми суханронӣ зикр намуд, ки аз рузхои нахустини фаъолияти худ шӯрои мазкур низоми кору фаъолияти худро тибқи меъёрҳои ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда, мекӯшад барои то ба мардуми маҳаллаҳо расондани ақидаҳои мазҳаби ҳанафӣ, фаъолнокии занон, паст кардани сатҳи хушунат дар оила танзими маъракаҳои бо иштироки занонмегузашта мусоидат намояд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода Ғаффор бо ҳозирон доири таҳкими корҳои ақидавӣ байни мардум бобати эътибори мазҳаби Имоми Аъзам, ҳидояти ҳарчи бештари занон барои пойдории оила ва оиладорӣ,тарбияи фарзанд, иштирок накардани занон дар намозҳои ҷамоати масҷид, баланд бардоштани савияи донишу маърифати бибиотунҳо андешаронӣ ва сӯҳбат намуд.
Чанде аз иштирокдорон дар мавриди фаъолияти пурсамари шӯро ҳарф зада, бо эътимоди қавӣ изҳор намуданд,ки бибиотунҳо-аъзоёни шӯро ҳамеша дар самти татбиқи қонунҳои танзимкунандаи расму оини миллӣ,тарбияи фарзанд ва масъулияти волидайн дар ин самт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти  муштарак доранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  мулоқоти кориро анҷом дода, Шӯрои уламои дини вилоят, ходимони дин,занони фаъол ва ҳозиронро барои тақвияти ҳамкорӣ фаъолнокӣ барои ҳалли мушкилоти ба миёнмеомада даъват намуд.