(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2009-2010 ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар майдони футболи Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он зиёда аз 150 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз рўи барномаи мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа 16 нафар сазовори ҷои якум, 16 нафар сазовори ҷои дуюм ва 16 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди футбол байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба футбол ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд