(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ варзишгарони соли таваллудашон 2004-2006, 2007 ва хурд ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар иншооти заврақронии Боғи Наврўзгоҳ-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда дар он зиёда аз 90 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз ҷумла 12 нафар духтарон аз рўи масофаҳои К-1 200м-500м, К-2 200м-500м, С-1 200м-500м, С-2 200м-500м байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқа тибқи қоидаи Федератсияи байналмиллалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор гардид. Дар натиҷа 30 нафар сазовори ҷои якум, 30 нафар сазовори ҷои дуюм ва 30 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди заврақронӣ байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд