(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнат Ғайбулло Ҷамолов ва Шариф Ҳафизовро аёдат намуданд.

Ғайбулло Ҷамолов солҳои зиёд дар соҳаи саноат ва Шариф Ҳафизов бошад дар соҳаи варзиш фаъолият бурда, дар тарбияи варзишгарон саҳми арзанда дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат бо собиқадорон ба онҳо саломативу саодатмандӣ таманно намуда, таъкид кард, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

-Мо аз саҳми собиқадорони меҳнат дар рушди хоҷагии халқ доимо ёдовар мешавем ва ба қадри имкон онҳоро дастгирӣ менамоем,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Собиқадорони меҳнат барои дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба давлату Ҳукумат миннатдории самимии худро баён доштанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд