(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, мудирони шӯъба, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва кормандони дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар он қайд гардид, ки моҳи август дар шаҳри Хуҷанд дар асоси ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чанд чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд.
Аз он ҷумла таҳкими фаъолияти коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-силк», ки дар он асоси маҳсулоти пиллаи вилояти Суғд коркард мешавад зикр гардид.

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Пешбинӣ гардидааст, ки коргоҳи мазкур истеҳсоли матои «Адрас»-ро ба роҳ монда, бештар аз 100 нафар ҳунармандону занонро бо кори доимӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин дар моҳи равон оғози фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ – «Нанотех-М» ва ба истифодадиҳии бинои Маркази таълимӣ барои кормандони нозироти андоз, мавриди истифода қарор гирифтани ду майдончаи варзишӣ, дар назар аст.
Раҷаббой Ахмадзода дар ҳамин замина ба масъулон барои кам намудани бақияи андоз, беҳтар намудани кори фаввораҳои маркази вилоят, тақсими замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон дастур дод.
Аз роҳбарони идораҳои истифодабарии роҳ, кабудизоркунӣ партовкашонӣ, чароғонкунӣ, «Хуҷандобуканал» ва дигар соҳаҳои хизматрасонию ободонии шаҳри Хуҷанд низ тақозо гардид, ки фаъолияти худро дар самти сифатан беҳтар намудани шаҳрдорӣ ҷоннок намоянд .  Қайд гардид, ки бо назардошти идома ёфтани гармии ҳаво, бобати нигоҳубини гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтон, таъмини мунтазами онҳо бо об, ивази гулҳои мавсимӣ ба гулҳои тирамоҳӣ тадбирҳои амалӣ ба сомон расонда шаванд.
Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо муваззаф гардиданд, ранги биноҳои маъмурӣ ва манзилҳои истиқоматии дар маҳаллашон буда, навсозӣ намоянд.
Бо баррасии масъалаҳои дигарӣ шаҳрдорӣ маҷлиси навбатии кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид.