(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футбол байни ширкатҳои сохтмонӣ оғоз ёфт.Дар шахри Хучанд бахшида ба Иди касбии сохтмончиён ва ба хотираи собиқадори соҳаи сохтмон ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Акрам Қосимов мусобиқаи футбол ширкатҳои сохтмонӣ оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳӣ ин мусобиқа Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд.
Дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки «Маҳз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2014 соли футболи оммавӣ имкон дод, ки ба ин намуди варзиш таваҷҷӯҳи сокинони касбу кори гуногун зиёд гардад. Дар партави он дар шаҳри Хуҷанд танҳо аз оғози сол 12 мусобиқаи футбол байни корхонаю муассисаҳо, маҳаллаҳо ва наврасони синни гуногун баргузор гардид. Хамчунин тибқи барномаи қабулнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои рушди футбол барои солҳои 2012-2016 чандин тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки баҳри оммавият пайдо намудани ин соҳаи варзиш мусоидат хоҳад кард».
Аз номи пайвандони Акрам Қосимов бародари шодравон Қобил Қосимов баромад намуда ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри гиромидошти хотираи бародараш изхори сипос намуд.
Мусобиқаи мазкур то санаи 8 августи соли равон идома ёфта дар он 8 даста аз ширкатҳои сохтмонии вилоят бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.