(3 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи дастури Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарўза дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷараён дорад.

Ин навбат гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби ҷавонону варзишгарон бо сокинону бошандагони маҳаллаи "Тиллокон" чунин корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши яхмос ва назди биноҳо гузаронида шуда, зимни мушоҳида маълум гардид, ки то ҳол бархе сокинону фурӯшандагон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд. Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.

Аз ин рӯ аз ҷониби гуруҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд