(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар арафаи Иди Қурбон ба манзили якчанд нафар камбизоатон ва маюбони шаҳри Хуҷанд рафта, онҳоро аёдат намуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки фарҳанги ғановатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо нақши барҷаста дорад. Шукргузорӣ аз неъматҳои Парвардигори олам ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рӯзи муборак дили касеро ба даст овардан ва нисбат ба ятимону бепарасторон, мӯҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб маҳсуб меёбад. Зеро, хайру сахо аз ҷумлаи воҷиботи дини ислом ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳам-дардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд».

Бинобар ин, дар рӯзҳои ид ва дигар суннату маросим ба мӯҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кӯмаки моддӣ яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.

Ба шарофати истиқлолият арзишҳои динӣ дар зиндагии халқи мо баробари арзишҳои олии инсонӣ мақому манзалати баланд касб намудаанд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд. Мо ин арзишҳоро ба сифати сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил мепазирем, ки дар роҳи худшиносӣ ва дарки ҳувияти инсонӣ ба мардум хизмати арзанда менамоянд.

Аёдатшудагон Бисоро Шукурова, Хосият Комилова, Темурҷон Исмоилов, Назарбобо Пӯлодов ва дигарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд