(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи дастури Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарўза дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷараён дорад.

Ин навбат гуруҳҳои корӣ бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳр, ки дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷамъ мешаванд, чунин корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.

Зимни мушоҳида маълум гардид, ки то ҳол бархе ронандагону мусофирон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд. Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.

Мутахассисон бар он назаранд, ки чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад.

Аз ин рӯ аз ҷониби гуруҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуданд. Ба ашхоси бениқоб ройгон ниқобҳо тақдим карда шуд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи моддаи 113 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва дигар бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

• Андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” 60 сомонӣ муқаррар гардидааст.

• Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки дар ҳама ҳолат қоидаҳои беҳдоштро риоя карда, аз ниқобҳо ҳатман истифода намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд