(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд «Шоҳҷоиза»-и «Андалеб-2014»-ро супорид.Аз оғози соли нави ҷорӣ дар сартосари кишвар бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Андалеб 2014» гузашта истодааст.
Он аз се давра иборат буда, марҳилаи авали он аз санаи 14 то 20 майи соли равон байни 5 муассисаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гашта буд.
Бо мақсади натиҷагирӣ аз марҳилаи аввал Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои дар он иштирок намуда, ҷаласаи корӣ доир намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода барои иштироки фаъолонаи ҳайати кормандони ин муассисаҳо сипосмандӣ намуда, изҳори умедвори кард, ки минбаъд низ ин гуна чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Аз рӯи натиҷаҳои пешниҳоднамудаи ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза» насиби Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров гашта, ҷойи аввалро бошад, Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ноил гашт. Дар мақоми дуввум Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва ҷойи сеюм насиби ду донишгоҳ- Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои иштироки фаъоли таълимгоҳҳо дар озмун ба роҳбаронашон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаву ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмуни вилоятӣ иштироки барномаи фарҳангии шаҳри Хуҷанд дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб 2014» санаи 7 августи соли равон дар пойтахти кишварамон,- шаҳри Душанбе дар назар аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур дод то ба озмуни мазкур омодагии ҳамаҷониба дида, тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо истифода баранд.