(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шаш моҳи аввали соли 2021 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда мешаванд.

Сипас, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 632,7 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 77,4 миллион сомонӣ ё 13,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 156,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 20,2 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Дар ин давра 13 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 156 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Инчунин аз ҷониби 70 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 260,5 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 51,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 85 намуд ё 68,0 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Вобаста ба тадбирҳои 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 37 иншооти таъиноташон гуногуни дар соли 2021 ба нақша гирифташуда, 24 иншоот, аз ҷумла 3 адад марказҳои тиббӣ ва 3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 10 адад майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншоотҳои маданию маишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 615 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2021-ум 42,3 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 31,3 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2021-ум 22,75 км роҳҳо таъмир карда шуданд, аз ҷумла 1,6 км аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ, 18,72 км аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ, 1,3 км аз тарафи соҳибкорон ба маблағи 935,9 ҳазор сомонӣ ва 1,13 км аз тарафи аҳолӣ ба маблағи 436,1 ҳазор сомонӣ корҳои мумфаршкунӣ ба иҷро расонида шудааст.

Фирўза Нуруллозода ҳамзамон доир ба дигар самтҳои мақомоти шаҳрдорӣ маълумоти муфассал ироа намуд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева, директори генералии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ Фирдавс Мақсудзода, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” Носир Ғафурзода ва дигарон аз фаъолияти хеш дар ин давра ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни пурсиш аз масъулини дахлдор доир ба бурду бохти шаҳрдорӣ таҳлилҳои амиқ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавзуъҳои меҳрварии ҷаласаи ҷамъбастӣ корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи тиббу маориф, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, саноат, сохтмон ва ғайраҳо буданд. Дар ҷараёни маҷлис муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба мавзуъоти рӯзмарра фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фаъолияти шаҳрдориро дар нимсолаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои соли ҷорӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд