(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altДавлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Ҳамарӯза аз ҷониби Ситодҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо мушаххас андешида мешаванд ва тамоми фаъолияти табибон ҷиҳати пурра аз байн бурдани ин беморӣ равона карда шудааст.

Яке аз тадбирҳои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ маъракаҳои поккорӣ мебшад, ки беш аз як моҳ инҷониб дар қаламрави шаҳри Хуҷанд муташаккилона идома дорад.

Ин тадбирҳо аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла хадамоти оташнишонӣ, Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази назорати давлатии сантирию эпидемологӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, боғҳо, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра гузаронида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ин навбат корҳои поккорӣ дар кўчаву хиёбонҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ, Шарқ, Гагарин ва ғайраҳо амалӣ карда шуд. Безараргардонии навбатӣ дар кўчаву хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо фарогирии 11 тонна маводҳои гипохлориди натрий сурат гирифт, ки он барангезандаи бемориҳои сироятӣ дар муҳитро нобуд месозад.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинон ва меҳмони шаҳр даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни ниқоб нагарданд, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд