(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рўзи маюбон якчанд нафар наврасони маъюби шаҳрро аёдат ва кўмакҳо моддиву маънавӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо аёдатшудагон- Муҳаммадҷон Ахмедов, Тавҳида Абдурашидова, Ёдгор Ҳамзамлиев ва дигарон, ки бо амри тақдир ва модарзодӣ саломатии хешро аз даст додаанд, таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Дар қаламрави вилоят ҳар як маъюб пайваста зери ғамхорӣ қарор гирифта шудаанд.

Муҳаммадҷон Ахмедов, Тавҳида Абдурашидова, Ёдгор Ҳамзаалиев, Шарифҷон Орипов ва дигарон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд