(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфитетари шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.

Дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба фарҳанги либоспушӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша кард.

Сипас намоиши либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атласу адрас ва либоси бадахшонӣ бо дӯхти пешинаву ҳозиразамон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ доир шуд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон дар асоси банди 7-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардида, дар он тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофарии онҳо тарғибу ташвиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Фестивал бо фарогирии намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат гирифт. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон аз маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраку ҷамоатҳо дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, даври дуюм дар сатҳи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, даври сеюм бошад, дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар Фестивал синну соли иштирокчиён аз 3 то 40-сола муқаррар гардида, ба намоиш ва ороиши зебогии либос эътибори хоса дода шуд.

Фестивал аз рӯи 6 номинатсия — намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон; намоиши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ (карнавалӣ); намоиши либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ); намоиши либосҳои арӯсии миллӣ ва муосир баргузор гардид.

Иштирокчиёни фестивал дар пешниҳоди либосҳои муосир гуногунрангии нақшу нигори маҳалҳоро эҳё намуданд.

Беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки аз шаҳри Хуҷанд тарроҳ Матлуба Ниёзова дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, мақоми «Маликаи ҷилваи рангҳо» соҳиб шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд