(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр аксияи «Тозагии соҳил» ва ҳашарҳои дастҷамъона доир карда шуд.

Ин тадбир ҳамзамон бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир амалӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир аз купрӯки нав то кӯҳна аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ашхоси касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд