(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли маҳаллаи "Кӯлҳавз"-и кумитаи маҳаллаи "Масчиди Савр" ҷиҳати омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи роҳандозии ҳашарҳои дастҷамъона силсилаи корҳои ободониро анҷом доданд. То ба имрўз дар кӯчаҳои Маҳмуд Мирбобоев, Саидкарим Вализода, Маҳмудҷон Исмоилов, гузаргоҳи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо аз ҷониби сокинон корҳои пеш аз мумфаршкунӣ, аз ҷумла қубурҳои обгузор, партов насб карда шуданд. Ҷўйборҳои ду канори кўча азнавсозӣ ва чароғон гардида, хатти оби нўшокӣ гузаронида шуданд, ки намунаи олии ҳамдастӣ ҷиҳати ободонии кўчаву маҳалла дар миқёси шаҳри Хуҷанд мебошад.

Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаи "Кӯлҳавз"-и кумитаи маҳаллаи "Масчиди Савр" ҳусни оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдомҳои дастҷамъона, яъне ба тариқи ҳашар дар маҳаллаи мазкур корҳои омодасозӣ ба мумфаршкунӣ дар як қатор кўчаҳо, аз ҷумла Маҳмуд Мирбобоев, Маҳмудҷон Исмоилов, гузаргоҳи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, ки маҷмуъан беш аз 1300 метрро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуда, имрўз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешавад. Паҳноии кўчаҳои мазкур аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз 7000 иншоот дар вилоят ба истифода дода шуд. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта, танҳо дар соли равон 300 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо пурра мумфарш хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал ва биноҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта, кӯчаву маҳаллаи хешро тозаву озода нигоҳ доранд. Маҳаллаи худро соҳибӣ намоянд, дар корҳои хайру бунёдкорӣ фаъол бошанд.

Сокинони маҳаллаи "Кӯлҳавз"-и кумитаи маҳаллаи "Масчиди Савр" ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои иҷрои кори хайр ва мумфаршкунии роҳи мазкур миннатдории худро баён дошта, таъкид доштанд, ки дар яонда низ барои боз ҳам зебову хуррам намудани маҳалли зисти худ иқдомҳои созандагӣ анҷом медиҳанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд