(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд барои ятимону бепарасторон дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўдакистони наву замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ бунёд шуда истодааст, ки то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрбардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди корҳои сохтмонӣ аз ин кўдакистони навбунёд ошноӣ пайдо намуданд.

Муассисаи таълимии томактабии навбунёд, ки барои 200 нафар ятимон ва ашхсои бепарастор пешбинӣ шуда, дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр воқеъ аст. Зимни бунёди иншоот тамоми шароити зарурии таълиму тарбия ба назари эътибор гирифта шудааст.

Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат буда, оянда барои ҷалби бештари кӯдакон, бахусус ятиму бепарастор ба тарбияи томактабӣ мусоидат мекунад.

Кӯдакистон аз як бинои 2 ошёна иборат буда, дорои 7 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад.

Дар саҳни кўдакистон 7 адад айвончаҳо низ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кўдакон шароит муҳайё карда мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулони дахлдор ҷиҳати боз ҳам ободу мунаввар намудани атрофи кўдакистони навбунёд дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд