(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамватанони азиз!
Хуҷандиёни арҷманд!
Дар қатори ҷашну идҳои азизу мукаррам Иди моҳи шарифи рамазон, ки чун Иди фитр асрҳои аср дар байни мардуми мусалмон маъруфият дорад, аз ҷашнҳои муборакест. Зеро маҳз тавассути он инсонҳо аз итмоми бобарори моҳи мушаррафи рамазон, моҳи тоату ибодат ва муҳаббатҳои инсонҳо, айёми мағфирати гуноҳҳо, оини бахшоишу хайру сахо ба оилаҳои нодор ва камбизоат, ҳангоми сабру таҳаммул ва ҳамоишҳои маърифатпарварона баҳравар гардида, барои баракати рӯзгори оянда ва хушбахтии авлоду хонадон, маҳаллаю шаҳр ва Ватани азизамон –Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо мекунанд.
Имрӯз ҳамаи Шуморо, ҳозирини мӯҳтарам ва дар симои шумо тамоми сокинони шаҳри ободамонро ба муносибати итмоми моҳи табарруки Рамазон – Иди фитр, иди муҳаббату маърифат, ибодату мағфират, сабру таҳаммулу бахшоишу саховат аз номи худ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику таҳният мегӯям. Дар арафаи ин моҳи мушарраф Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ба аҳли ҷомеаи кишвар муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки барои халқи тоҷик фарҳанги миллӣ ва фарҳанги исломӣ азизу мӯътабаранд.
Набояд фаромӯш кард, ки маҳз қадимӣ будан ва асосҳои инсонпарварона доштани фарҳанги миллиамон сабаб гардид, то ки дини мубини ислом тавассути забони модарии мо бештар инкишоф ёбад ва интишор гардад. Чунонки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, маҳз забони модарии мо – забони тоҷикӣ барои дар кишварҳои гуногун паҳн шудани дини мубини ислом ва аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани қавмиятҳо ва халқҳои мухталиф хизмати бағоят калонро иҷро намудааст.
Имрӯз эътибори ҷиддӣ додан ба рӯзгори наврасону ҷавонон, ки ин нуқта дар сафари охирини мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятамон махсус таъкид гардид, барои аҳли дин ва аҳли уламо шарт ва зарур аст, то ки онҳо ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳо ва равияю фирқаҳои номатлубу экстремистӣ ҳамроҳ нашаванд.
Барои ҳамаи Шумо, ҳозирини гиромӣ, маълум аст, ки шаҳри Хуҷанд аз қадим дар тамоми гӯшаю канори олам маълуму машҳур буд, зеро Роҳи бузурги Абрешим аз он мегузашт. Баробари ин шаҳри муқаддаси мо бо номи бузургони илму адаб ва дину мазҳаб низ ангуштнамои ҷаҳониён шудааст: олими забардасти ситорашинос Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, пиру устоди Шамси Табрезии машҳур ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ, Шайхи бузургвор Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, ғазалсарои беҳамтои Шарқ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз зумраи бузургоне буданд, ки номи Хуҷандро барои оламиён муаррифӣ ва машҳур гардонданд.
Имрӯз низ шаҳри ободону озодони мо намунаи ибрати Осиёи Марказист. Маҳз дар ин макон ба арсаи сиёсати бузурги ҷаҳонӣ қадам гузоштани Пешвои асри ХХI Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки ҳам дар шаҳрдорию шаҳрсозӣ, ҳам дар маърифату маънавият, ҳам дар таълиму дар тадрис, ҳам дар иқтисодиёту иҷтимоиёт намунаи дигарон бошем.
Ҳарчанд корҳои ободию созандагӣ вусъати тоза мегиранду бо дастгирии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ роҳҳо асфалтпӯш шуда, иншоотҳои бузурги таъиноти варзишию фарҳангӣ ва таълимию истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Вале боз ҳам тарбияи насли наврасу ҷавон дар мадди аввал меистад. Аз ин лиҳоз аз фурсат истифода бурда, ба шумо, намозгузорони мӯҳтарам муроҷиат мекунам, ки хуҷандиён аз қадим бо ахлоқи поку намунавиашон ангушнамои дигарон буданд.
Итминони комил дорам, ки аҳли дину уламои шаҳр, падарону бобоён, фаъолони маҳаллаҳо, зиёиён, хуллас тамоми насли калонсоли шаҳр барои дар амал татбиқ намудани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми сазовори худро мегузоранд.
Бо чунин суханҳо табрикоти худро ба итмом расонда, бори дигар Шумо ва дар шахси ҳозирин сокинони шаҳри азизамонро бо иди фитр–рӯзи мубораки анҷоми даҳаҳои ибодату мағфират, муҳаббату маърифат ва сабру таҳаммул, ҳамгироию садоқат табрику муборакбод мегӯям.
Бигузор дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расму оини дини мубини ислом ва фарҳангу маърифати исломӣ ба манфиати Ваҳдати миллӣ, ахлоқи ҳамида, ташаккули ҷомеаи мутамаддин хизмат кунанд ва оинаи оянданамои ҳастии тоҷикон бошанд.

Иди фитр – рӯзи ниятҳои неку орзуҳои хуш муборак!