(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғиби зиндагии ибратбахши Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров, шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомоти ҲХДТ маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ҷараён дорад.

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи вилоятии ҲХДТ даври шаҳрии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ” сурат гирифт. Дар озмуни мазкур донишҷӯён муассисаҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Озмуни мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ хусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён муваффақият таманно намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Озмун аз руйи ду шарт хаттӣ ва шифоҳӣ баргузор гардид. Ғолибони озмуни мазкур бо сипоснома ва тӯҳфаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шудаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд