(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ маркази савдо ва хизматрасонии инноватсионии «Индиго Тоҷикистон» ба фаъолият шуруъ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази фурўши технологияи муосир ва хизматросонии «Индиго Тоҷикистон» дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар он 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Дар марказ фурӯши таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуда, барои мизоҷон шароити мусоиди хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини ширкат ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ва анҷом додани корҳои бунёдкорӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд